- маҷлис
- [مجلس]а1. кит. маҳалли ҷаласа, ҷои ҷамъомад, ҷамъомадгоҳи одамон барои машварат, маслиҳат ё сӯҳбат дар бораи коре2. ҷамъ шуда нишастани чанд кас барои баррасию муҳокимаи чизе ё ҳалли масъалае; ҷамъомади расмии аъзои ягон созмон, ҷаласа: маҷлиси умумии кормандон, маҷлиси фаъолони шаҳр, маҷлиси ҳисоботию интихоботии иттифоқҳои касаба, котибот ва раёсати маҷлис, маҷлис барпо кардан, маҷлис гузарондан, маҷлис даъват кардан, маҷлисро кушодан ё пӯшидан (пӯшида эълон кардан); маҷлиси ботантана ё тантанавӣ ҷамъомади бошукӯҳ ба муносибати ҷашне ё зодрӯзи бузурге ва ғ. ; маҷлиси машваратӣ ҷамъомади роҳбарону кормандони ягон соҳа барои муҳокимаи масъалае (музокира дар болои масъалае); маҷлиси мурофиа ҷаласаи муҳокимаи судӣ; аҳли маҷлис одамони дар маҷлис ҳозирбуда3. мақоми олии қонунбарори кишвар, парламент: Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Намояндагон4. ҷамъомади хешовандон, ҳаққу ҳамсояҳо ва дӯстон барои гузаронидани ягон маросим, маърака: маҷлиси азо, маҷлиси никоҳ, маҷлиси хостгорӣ; маҷлиси ёрон шабнишинии ёрон, маҳфили дӯстон; маҷлиси зиёфат меҳмондорӣ ва маҷлиси айшу нӯш; маҷлиси подшоҳ маҷлиси қабули подшоҳ, маҷлиси пазироии подшоҳ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.